Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо дар Туз-Ҳурмату 8 кушта бар ҷой гузоштанд


Бар асари ду таркиш дар шаҳри Туз-Ҳурмату, воқеъ дар шимолу шарқи Ироқ, дасти кам ҳашт нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин ҳодиса собиқ муовини волии вилояти Салоҳиддин ва ду писараш ҳам ҷон бохтаанд.

Бар пояи иттилои полис, маргталабҳо худро дар канори гурӯҳи туркоманҳои ироқие инфиҷор карданд, ки алайҳи нотавонии ҳукумат барои таъмини амнияти шаҳр эътироз мекарданд. Дар шаҳри Туз-Ҳурмату арабҳо, курдҳо ва туркоманҳо ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG