Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Эдвард Сноуден дар Маскав аст


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи ИМА, рӯзи сешанбе изҳор намуд, ки ба хотири корманди собиқи Хадамоти марказии кашф Эдвард Сноуден хароб кардани робитаҳо бо Русия зарурат надорад. Сноуден, ки дар ватанаш дар фошсозии иттилои маҳрамона муттаҳам мешавад, айни ҳол, бар пояи иттилои ахир, дар минтақаи тронзитии фурудгоҳи “Шереметиево”-и Маскав ба сар мебарад. Керрӣ, ки айни ҳол бо як сафари расмӣ дар Арабистони саудӣ қарор дорад, ба хабарнигорон гуфт, панаҳ додан ба Сноуден ба манфиати Русия нест.

Рӯзи сешанбе Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, иқрор кард, ки Эдвард Сноуден дар фурудгоҳи шаҳри Маскав аст. Дар посух ба иддаои Вошингтон дар мавриди боздошт ва истирдоди Сноуден ӯ гуфт, ки миёни Русияву Амрико созиш дар бораи истирдоди афроди гумонбар дар ҷиноят мавҷуд нест.

Владимир Путин бо ишора ба муассиси торнамои Викиликс Ҷуллианн Ассанж афзуд, "ӯ ва ҷаноби Сноуден худро ҳомии ҳуқуқи башар мешуморанд ва барои пахши иттилоъ мубориза мебаранд. Аз худ суол кунед, оё ин гуна афродро метавон барои зиндонӣ кардан истирдод кард ё не?

Эдвард Сноуден рӯзи якшанбе аз Ҳонконг ба Маскав омад. Қарор буд, ки ӯ ба Ҳавана, пойтахти Куба, ва аз он ҷо ба Эквадор парвоз кунад. Айни ҳол мақомоти Эквадор дархости паноҳандагии сиёсии Сноуденро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG