Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ гуфтанд, ки Нелсон Мандела ҳамоно миёни маргу зиндагӣ қарор дорад.

Аввалин иттилоъ дар бораи вазъи вахими “падари миллат” рӯзи душанбе бо такя ба табибоне нашр шуд, ки ба муолиҷаи сиёсатмадори 94-сола машғуланд. Раисиҷумҳур Ҷейкоб Зума дар бемористони низомии Претория аз Нелсон Мандела аёдат кард ва аз мардуми кишвар даъват намуд, ки барои сиҳатии ӯ дуо кунанд. Ҳамзамон ӯ хабари бархе аз расонаҳо дар бораи аз кор мондани дили сарвари пешини кишварро рад кард.

Дар изҳороти ахири ҳукумат, ки рӯзи сешанбе, 25 июн нашр шуд, гуфта шудааст, “табибон барои эҳёи сиҳати Мандела аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегиранд". Ахиран пайвандони сиёсатмадори маъруф ба таври оҷил дар бӯстонсарои ӯ дар деҳаи Куну ҷамъ омаданд. Бар пояи бархе хабарҳо, онҳо мавзӯи вазъи вахими Мандела ва ташкили маросими видоъ бо ӯ дар сурати барои эҳёи мариз оҷиз мондани табибонро баррасӣ карданд.

Нелсон Мандела, раҳбари пешини Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, 8 июн бо маризии шуш ба бемористон интиқол дода шуд. Аз ибтидои сол бори саввум аст, ки бузургтарин марди Африқои ҷанубӣ дар бемористон бистарӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол бархе расонаҳо гуфтанд, маризии Мандела баъд аз он вахимтар
Вазъи сиҳати Мандела ҳамаро нигарон кардааст

Вазъи сиҳати Мандела ҳамаро нигарон кардааст

шуд, ки ӯро ҳангоми интиқол ба бемористон 40 дақиқа дар сармо гузоштанд. Шабакаи телевизионии CBS News хабар дод, ки рӯзи 8 июн мошини “ёрии таъҷилӣ” бо Нелсон Мандела дар роҳ вайрон шуд. Табибон дар интизори расидани мошини нав маризро дар ҳавои сард гузоштанд. Зимнан, айни ҳол ҳаво дар Африқои ҷанубӣ хело сард аст ва ҳарорат шабона то 7 дараҷа пойин меравад.

Нелсон Мандела ҳаёти худро ба мубориза бо табъизи нажодӣ дар Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ бахшид ва барои ин 27 солро дар маҳбас сипарӣ кард. Гуфта мешавад, ки маҳз ҳамон солҳои азияту машаққат дар конҳои зеризаминӣ Мандела ба бемориҳои шуш мубтало гардид. Аммо бо вуҷуди азияти зиёд дар зиндон Мандела ҳама душманону мухолифони худро расман бахшид ва ҳамеша аз мардуми Африқои ҷанубӣ даъвати мусолиҳа мекард.

Соли 1993 Нелсон Мандела барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Соли 1994 ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ нахустин сарвари сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ интихоб гардид ва то соли 1999 сарварии кишварро бар ӯҳда дошт. Соли 2004 Мандела тасмим гирифт аз сиёсат канор равад ва дар зодгоҳаш деҳаи Куну, ки он ҷо айёми, ба гуфтаи худаш, “тиллои”-и тифлияш гузаштааст, муқимӣ шавад. Вале моҳи декабри соли гузашта табибон пойфишорӣ карданд, ки “падари миллат” ба манзиле дар канори Иоханнесбург, дар наздикиҳои бемористон, кӯчад.

Кохи Сафед хабар дод, ки иттилоъ дар бораи вазъи сиҳати Нелсон Манделаро пайгирӣ мекунад. Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама тасмим гирифтааст, ки рӯзи шанбе ба Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ сафар кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG