Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ховалингро бо ёрии "GIZ" ҷангалистон мекунанд


Кӯҳистони Ховалинг
Кӯҳистони Ховалинг

Бо маблағгузории созмони «GIZ»-и ҳукумати Олмон то соли 2019 Ховалинг ба ҷангалзор табдил хоҳад ёфт.

Барои ҷангалзор кардани 30 ҳазор ҳектор замин дар ҳудуди ин ноҳия ин созмон беш аз ду ҳазор сокини ноҳияро ҷалб кардааст ва маблағи умумии барнома 2 миллиону 800 ҳазор евро, наздики 20 миллион сомониро дар бар мегирад.


Ҷангалистони Ховалинг
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00
Линки мустақим


Котиб Қурбонов, сарҷангалбони Идораи хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг мегӯяд, аз баҳори соли оянда ниҳолшинонӣ оғоз хоҳад ёфт ва ҳоло мутахассисон мавзеҳои муайяншударо меомӯзанд. Ба гуфтаи ин масъули Идораи ҷангал чунин иқдомро ҳукумати Олмон ба хотири пешгирӣ аз эрозияи замин рӯи даст гирифтааст.


Котиб Қурбонов
Котиб Қурбонов
Котиб Қурбонов афзуд: «Дар марҳилаи аввал 10 ҳазор гектар ва дар марҳилаи дуюм то соли 2019 дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ба номи Саидаҳмад Каримови ноҳияи Ховалинг бояд дар 20 ҳазор гетар замин дарахт шинонида шавад. Ин ҷо ҳам дарахтони сояафкан ва ҳам дарахтони мевадиҳанда дар назар гирфита шудааст. Аз ҳафт деҳае, ки дар ҳудуди хоҷагии ҷангал вуҷуд дорад, аҳолии 4 деҳа ба ин кор ҷалб мешавад.»

Сокинони ноҳия Ховалинг мегӯянд, дар сурати бунёди боғ бо чунин миқёси бузург зиндагии сокинони оддӣ ру ба беҳбудӣ меорад.

Сироҷиддин Бобоев, як сокини ноҳияи Ховалинг мегӯяд, тамоми навъи мева дар шароити Ховалинг ҳосили хуб медиҳад. Ӯ мегӯяд, дар баробари бунёди чунин боғзори бузург агар роҳҳо бозсозӣ шаванд, дигаре мушкиле боқӣ нахоҳад монд: «Дар Ховалинг ҳамаи мева мешавад. Гелосу чормағзу себу даҳҳо намуди дигар. Аммо дар бисёр вақт ҳамин меваи будагиро мо наметавонем ба шаҳр барем, зеро роҳҳо варону валангор ҳастанд. Агар роҳҳо сохта шаванд ва корхонаҳои меваистеҳсолкунӣ бунёд кунанд, дигар ягон касс ба Русия намеравад.»

Абдувалӣ Сатторов, сокини дигари ноҳияи Ховалинг мегӯяд, дар мавзее, ки хоҷагии ҷангалӣ Ховалинг ҷойгир аст, имкони зироаткорӣ вуҷуд надорад, аз ин рӯ, он ҷо танҳо бояд боғ бунёд кард: «Ҳайвоноти зиёд он ҷо вуҷуд дорад, ки ғалларо ба хок яксон мекунад. Хук хело зиёд аст, ки зироаткорӣ намешавад. Полезӣ ҳам намешавад, зеро ҷайра ҳамаро мехӯрад. Фақат ин ҷо боғкорӣ ҳаст. Сокинон ҳам аз ҳамин ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранд.»

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг беш аз 100 ҳазор ҳектор заминро муттаҳид мекунад, ки аз ин ҳисоб танҳо 40 ҳазораш ҷангалзор аст. Дар сурати бо маблағгузории «GIZ»-и Олмон то соли 2019 бунёди шудани сӣ ҳазор ҳектор боғ шумораи ҷангалу боғ дар ин хоҷагӣ ба 70 ҳазор ҳектор баробар хоҳад шуд.

Ховалинг дар минтақаи Кӯлоб ягона ноҳияест, ки камтарин муҳоҷир дар Русияро дорад. Аксари сокинони он аз ҳисоби боғдорӣ ва ғаллакорӣ зиндагии худро пеш мебаранд.
XS
SM
MD
LG