Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Сабаб чист?


Хадамоти гумрукии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ин кишвар аз оғози сол то ҳол аз хориҷ 245 ҳазор тон гандум ворид кардааст, ки он 86,3 миллион долларро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ воридоти орд ва маҳсулоти гандумӣ ба Тоҷикистон 125,3 миллион долларро ташкил додааст.

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат гуфтааст, ки сабаби коҳиши воридоти орд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ин будааст, ки дар дохил корхонаҳои хурду миёнаи орд ба кор даромадаанд ва онҳо ба орд кардани ғаллаи дохилӣ ва хориҷӣ машғуланд.

Ҳоло дар Тоҷикистон як халтаи 50 килограмии орди Қазоқистон 145 сомонӣ ва як халта орди 50 килограии маҳаллӣ 130 сомонӣ арзиш дорад.
XS
SM
MD
LG