Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Афғон ҳамла ба Арки раиси ҷумҳурро баргардониданд


Нируҳои амниятии Афғонистон ҳамла ба Арки раёсати ҷумҳуриро дар Кобул баргардониданд. Бино ба гузоришҳо, ҳамаи ҳуҷумкунандагон кушта шудаанд. Довуд Амин-муовини раиси пулиси Кобул дар бораи ин ҳамла ба радиои Озодӣ гуфт:

“Дар дарвоза горди нируҳои ISAF меистад. Вақте, ки ду зиреҳпӯш ба ранги сурмаӣ ва сафед наздик мешаванд, мошини сурмаиро тафтиш мекунанд. Дар дохилаш одамоне нишаста будаанд, ки ба гуфтаи горд, либосҳои хориҷӣ доштаанд. Онҳо тақрибан 30-40 метр пеш мераванд. Мошини дуввумӣ шубҳанок ба назар меравад. Онҳоро поин мекунанд ва тирпарронӣ шурӯъ мешавад ва онҳо маводи худро инфиҷор медиҳанд”.

Даргирӣ 90 дақиқа давом кардааст ва ҳамаи 5 нафар муҳоҷим кушта шудаанд. Аз ҷониби горди раёсати ҷумҳурӣ низ 3 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ин даргирӣ дар ҳоле рух дод, ки Ҳомид Карзай як нишасти хабариро ба нақша гирифта буд. Маҳали ҳамла ба вазорати дифоъ ва меҳмонсарои Ориёно наздик аст. Дар ин меҳмонсаро намояндагии Ожонси кашфи Амрико ё ЦРУ ҷой гирифтааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид–сухангӯи Толибон гуфт, ки Толибон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш мегиранд ва онҳо Арки раиси ҷумҳур, вазорати дифоъ ва меҳмонсарои Ориёноро ҳадаф қарор дода буданд.
XS
SM
MD
LG