Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Барои боздошти Сновден аз ҳамаи роҳҳо истифода мекунем


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико изҳор дошт, ки аз ҳамаи роҳҳои қонунӣ истифода мекунад, то Эдвард Сновден-корманди пешини қарордодии Ожонси марказии кашфи Амрико ё ЦРУ боздошт шавад. Сновден маълумоти маҳрам дар бораи барномаҳои махфии назоратии Амрикоро ифшо сохт.

Ҳоло маҳали буду боши вай маълум нест. Рӯзи якшанбе вай Ҳонг Конгро ба қасди Маскав тарк карда буд. Интизор мерафт, ки вай рӯзи душанбе ба Куба парвоз кунад, вале гузориш дода шуд, ки номи вай дар феҳристи мусофирони парвози Аэрофлот ба Куба вуҷуд надорад.

Ҷулиан Ассанҷ-муассиси WikiLeaks, ки ба Сновден кӯмак мекунад, гуфт, ки Сновден аз Маскав ба Эквадор парвоз кардааст ва мехоҳад дар он ҷо паноҳандагӣ бигирад.
Ассанҷ гуфт, ки саломатии Сновден хуб аст ва дар “ҷои амн” қарор дорад, вале мушаххас нагуфт, ки он чӣ ҷоест. Аммо Кохи Сафед бовар дорад, ки Сновден ҳамоно дар Маскав аст ва аз мақомоти Русия хостааст, ки вайро ба Амрико супоранд.
XS
SM
MD
LG