Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Норак мусобиқоти тенниси майдонии Тоҷикистон ба поён расид


Мусобиқаи қаҳрамонии тенниси майдонии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо пирӯзии варзишгарони Душанбе поён ёфт. Сардовари ин мусобиқа Мансур Яҳёев ба радиои Озодӣ гуфт, барои аввалин бор мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба ибтикори соҳибкор Мирзо Нуриддинов дар шаҳри Норак баргузор шуд. Нуриддинов сокини Норак аст ва дар ин шаҳр бо маблағи худ иншооти варзишӣ, аз он ҷумла ду майдони теннис бунёд кардааст.

Дар ин мусобиқа барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон 40 нафар варзишгарон аз Душанбе, вилояти Суғд ва шаҳри Норак ширкат карданд.

Дар мусобиқоти инфиродии миёни мардон Анвар Раҳматов мақоми аввалро ба даст овард. Абдурасул Муҳиддинов ҷойи дувум ва Мирзо Нуриддинов ҷойи севумро соҳиб шуданд.

Дар сабқати занон Нина Турсунова ғолиб омад. Насиба Назирмадова ва Анастасия Турсунова ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд.
XS
SM
MD
LG