Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони Беларус аз тазоҳуроти густарда ҳушдор доданд


Нишасти хабарии "Перспектива"
Нишасти хабарии "Перспектива"
Соҳибкорон ва корхонадорони хурду миёнаи Беларус гуфтаанд, ки онҳо рӯзи панҷшанбе “коршикании ҳушдордиҳанда” барпо мекунанд ва аз ҳукумат хоҳанд хост, ки аз Иттиҳодияи Гумрукӣ хориҷ шавад.Дар ин иттиҳодия Русияву Қазоқистон низ узвият доранд.

Анатол Шумчанка-раиси иттиҳодияи иҷтимоии “Перспектива” шоми рӯзи душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, маҷмаи соҳибкорони Беларус ба тавофуқ расидааст, ки бар зидди узвияти Беларус дар Иттиҳодияи Гумрукӣ ба ҷамъоварии имзоҳо шуруъ кунанд.

Вай гуфт, ки муқаррароти ин иттиҳодия бидуни дарназардошти ақидаи онҳо ба тасвиб расидааст ва мухолифи манфиатҳои онҳо мебошад. Шумчанка афзуд, соҳибкорон омодаанд аз 1 июл ба тазоҳуроти густарда оғоз кунанд.
XS
SM
MD
LG