Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии тенниси Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо пирӯзии варзишгарони Душанбе поён ёфт.

Сардовари ин мусобиқа Мансур Яҳёев ба радиои Озодӣ гуфт, “барои аввалин бор чемпионати Тоҷикистон бо ибтикори соҳибкор Мирзо Нуриддинов дар шаҳри Норак баргузор шуд. Ӯ, ки сокини ин шаҳр аст, дар ин ҷо бо маблағи худ иншооти варзишӣ, аз он ҷумла ду майдони теннис бунёд кардааст. Ӯ худ дар ин мусобиқа ширкат намуда, ҷоизадор шуд. Дарвоқеъ, дар ин мусобиқа барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон 40 нафар беҳтарин теннисбозон, ки аз онҳо 12 нафарашон занон буданд, аз Душанбе (2 даста), вилояти Суғд ва шаҳри Норак ширкат карданд. Ба ҷуз Мирзо Нуриддинов дигар ҳамаи ғолибону ҷоизадорон теннисбозони Душанбе мебошанд.”

Дар сабқати инфиродӣ миён мардон Анвар Раҳматов мақоми аввалро касб кард. Абдурасул Муҳиддинов ҷойи дувум ва Мирзо Нуриддинов ҷойи севумро соҳиб шуданд. Дар сабқати занон Нина Турсунова ғолиб омад. Насиба Назирмадова ва Анастасия Турсунова мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд.

Теннисбозон мувофиқи ҷойҳои ишғол кардаашон бо ифтихорномаву медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин ба ғолибони ин мусобиқа, ки дар Рӯзи байналмилалии олимпӣ натиҷагирӣ шуд, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федератсияи тенниси кишвар, сертификат, ҷом ва тӯҳфаҳои Кумитаи миллии олимпиро тақдим кард.

Ба иттилои ҷаноби Раҷабалиев, дастаи мунтахаби тенниси Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мансур Яҳёев дар мусобиқоти байналмилалии ITF миёни теннисбозони синнашон то 18-сола, ки аз 28-уми июн то 15-уми июл дар шаҳрҳои Тошканд, Фарғона ва Самарқанди Узбакистон баргузор мешавад, ширкат меварзад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот Нина, Анастасия ва Сергей Турсуновҳо, инчунин Нодира Муллоҷонова намояндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG