Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Одобномаи интернетӣ" аз ҷонибдор то мухолиф


Мизи гирд бо ширкати мақомоти давлатӣ ва мутахассисон дар шаҳри Душанбе.
Мизи гирд бо ширкати мақомоти давлатӣ ва мутахассисон дар шаҳри Душанбе.

Истифода аз алфози қабеҳ ва таҳқир дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсу баррасии лоиҳаи «Одобнома ё Хартияи шаҳрванди ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон - эТИКкет» дар як мизи гирд бо ширкати мақомоти давлатӣ ва мутахассисон дар шаҳри Душанбе гардид.

Ин ҳамоиш ба ибтикори Анҷумани фароҳамкунандагони Интернет ва котиботи ТИК-и дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон сурат гирифт.

Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамкунандагони Интернет дар Тоҷикистон ҳадаф аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Одобномаи шаҳрванди электронӣ» -ро ҳалли мушкили заифии фарҳанги иттилоотии ҷомеа унвон кард, ки ба гуфтаи вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳақорату таҳқири истифодабарандагон як амри маъмулӣ шудааст.

Асомуддин Атоев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо он, ки алфози қабеҳ дар кӯчаву хиёбонҳо муқаррарист, аммо бо фарогир шудани Интернет ин падидаи номатлуб рӯи саҳна баромад: «Ин чиз аз ҳаёти воқеии мо рӯйи шабакаи интернет баромад. Як шабакае, ки ҳама ҷоро фарогир аст ва онро ҳама дида метавонад. Сипас он чораҳое, ки бисёр маъмул гарштаанд, бастани сайтҳо. Бо вуҷуди он, ки ин амалҳо ғайриқонуниянд, аммо он ба ҳукми анъана даромадааст.»

Асомиддин Атоев
Асомиддин Атоев
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди ҷаноби Атоев, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ аз коста шудани фарҳанги истифодабарандагони Интернет ва бештар ба таҳқиру тавҳин роҳ додани муштариён ба изҳори ташвиш карда ва муроҷиатномаеро ба расонаҳо ва шабакаҳои дастраскунандаи Интернет дар таърихи 30 -юми январи соли 2013 ироа карда буд.

Бо таваҷҷӯҳ ба коста шудани фарҳанги истифодабарии Интернет аз сӯи муштариён, бештари ширкатдорони ҳамоиш ба ҳар чӣ зудтар қабул шудани «Одобномаи шаҳрванди электронӣ» таъкид карданд. Ин аст, ки Хилватшоҳи Маҳмуд, мудири гурӯҳи расонаҳои «Озодагон» қабули ин лоиҳаро қадаме ба сӯй ҷомеаи мутамаддини электронӣ унвон кард.

Ҷаноби Маҳмуд мӯътақид аст, ки дар сурати қабул шудани ин «Одобнома», озодии баён нақз нахоҳад шуд. Вай мегӯяд, «Ҳанӯз ҳам дар ҷомеа ё фазои вертуалӣ ашхоси гумном ё фейкҳо фаъолият мекунанд, ки ҷомеаро ба гумроҳи мебаранд. Ҳар гуна баҳсҳои нозурурро ба ҷомеа мегузоранду ба таҳқиру таҳвими шахсиятҳои гуногун даст мезананд. Мисоли равшан, намунаи шахси рӯҳониро ба маъраз гузоштанд аз номи як шахси дигари гумном, ки дар василаҳои гуногун паҳн шуд.»

Аз сӯи дигар бархе ҳам ба ин назаранд, ки қабули ҳамагуна одобнома метавонад ба маҳдуд кардани озодии баён роҳ кушояд ва эҳсоси худсонсуриро
дар ҷомеа афзоиш диҳад. Ин гурӯҳ мегӯянд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бисёр маврид танқид ҳамчун ҳақорат талаққӣ мешавад ва танқидгар ҳамчун мухолифин.

Дар ҳамин ҳол, бо он ки лоиҳаи «Одобномаи шарҳванди электронӣ» бо 21 банд манзӯри ширкатдорони ҳамоиш гардид, аммо баҳсу баррасиҳои зиёд ҳам натовонист, ин санади ахлоқӣ дар Интернетро ба тасвиб расонад. Ин буд, ки бархе аз ширкатдорон пешниҳод карданд, ки ин лоиҳа ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузошта шавад ва то тамоми ақшори ҷомеа, ба хусус истифодабарандагони ин шабака назару андешаҳои худро нисбати ин лоиҳа баён кунанд ва он мукаммал гардад.

Зимнан, тибқи оморҳои расмӣ дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъол ҳастанд, ки бештари онҳо ҷавононанд.
XS
SM
MD
LG