Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷолӣ ба мубориза бо таҷовуз ба номус даъват кард


 Анҷелина Ҷолӣ

Анҷелина Ҷолӣ

Ҳунарманд Анҷелина Ҷолӣ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ суханронӣ намуд, то аҳли олам мубориза бо таҷовуз ба номуси инсон дар манотиқи ҷангзадаро ҳамчун масъалаи авлавиятнок арзёбӣ намояд.

Ҷолӣ, ки сафири нияти неки Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон аст, рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои Амният гуфт, дар даврони мо садҳо ҳазор ва ҳатто шояд миллионҳо зану кӯдак ва мардон дар манотиқи ҷангзада мавриди таҷовуз қарор мегиранд.

Ҷолӣ афзуд, дар давоми 67 соли мавҷудияти Шӯрои Амният ин ниҳод шоҳиди ҷангу низоъҳо шудааст, вале ҳанӯз ҳам таҷовуз ба номус дар манотиқи ҷангзадаро мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор надодааст.

Баъди суханронии Ҷолӣ ва дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун Шӯрои Амният бо як овоз қатъномаеро ба тасвиб расонида, изҳор намуд, ки таҷовуз ба номус низоъҳоро амиқтар намуда, эҳёи сулҳу суботро душвортар мекунад.
XS
SM
MD
LG