Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ҳомиёни Сноуденро танқид кард


Барак Обама
Барак Обама
Президенти ИМА Барак Обама мегӯяд, кишвараш аз тамоми имконоти қонунӣ ба хотири таслими собиқ ходими қарордодии идораи ҷосусии ин кишвар Эдвард Сноуден истифода мебарад.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати ИМА интихоби кишварҳои паноҳгоҳи собиқ ходими қарордодии идораи ҷосусии ИМА Эдвард Сноуденро танқид кард.

Рӯзи душанбе сухангӯи Қасри Сафед Ҷей Карнӣ гуфт, кишварҳое, ки Сноуден барои худ ҳамчун паноҳгоҳ интихоб кардааст, аз он далолат мекунанд, ки даъвоҳои ӯ дар бораи ҳимоят аз шаффофият, озодии матбуот ва ҳуқуқи башар беасос мебошанд.

Карнӣ афзуд, мақомоти Ҳонг Конг ба Сновден имкони тарки ин минтақаро доданд, ки ба бунёди эътимод дар равобити ИМА ва Чин таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Карнӣ дар бораи таъсири эҳтимолии худдории Маскав аз таслими Сновден чизе нагуфт.

Тибқи ахбори расида Сноуден дар минтақаи транзити фурудгоҳи Маскав аст.

Сухангӯи Қасри Сафед мегӯяд, Вашингтон бо кишварҳое, ки Сноуден метавонад сафар кунад, дар тамос аст ва хотирнишон менамояд, ки ӯ дар ИМА бо хиёнат муттаҳам мешавад.

Сноуден аз кишвари Эквадор паноҳандагии сиёсӣ дархост намудааст.
XS
SM
MD
LG