Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод бо Маҳдӣ бармегаштааст


Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод
Сухангӯи ҳукумати Эрон Ғуломҳусейн Илҳом иброз доштааст, ки президенти кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзе бо Маҳдӣ бармегардад.

Маҳдӣ ва ё имоми ғайб бар пояи ривоятҳои мусулмонони шиамазҳаб дар асри даҳ ғайб зад, то рӯзе ба замин адолатро баргардонад.

Президенти Эрон ва ёварони Аҳмадинажод ба хотири ишораҳои ба такрор дар мавриди бозгашти ҳатмии Маҳдӣ танқид шудаанд.

Моҳи март Аҳмадинажод шадидан интиқод шуда буд, зеро баъди вафоти президенти Венесуэла гуфт, ки рӯзе Ҳуго Чавес ба монанди Исои Масеҳ ва имом Маҳдӣ ба замин бармегардад.
XS
SM
MD
LG