Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳо ҳаёти камаш 27 ироқиро аз байн бурдаанд


Мансабдорони ироқӣ иброз доштаанд, ки силсилаи бомбгузориҳо дар манотиқи марказӣ ва шимолии ин кишвар камаш 27 нафарро ба ҳалокат расонида, даҳҳо нафари дигарро захмӣ намудаанд.

Ҳамлаи аз ҳама серталафоти рӯзи душанбе дар маҳаллаи Ҷиҳод, воқеъ дар ғарби Бағдод ба вуқӯъ пайваст. Дар фосилаи чанд дақиқа дар яке аз кӯчаҳои тиҷоратӣ ду мошин мунфаҷир шуда, ҳашт нафарро ҳалок намуданд.

Дар баробари Бағдод шаҳрҳои Тикрит ва Мавсил ҳам бо ҳамлаҳо мувоҷеҳ шудаанд. Бар асари хушунат аз моҳи апрел ба ин тараф дар Ироқ беш аз 2000 нафар кушта шудаанд.

Ҷангҷӯён бо истифода аз нороҳатии мусулмонони суннимазҳаб аз ҳукумати зери назорати мусулмонони шиа муқовимат дар манотиқи марказиву шимолии Ироқро таҳким бахшидаанд.
XS
SM
MD
LG