Пайвандҳои дастрасӣ

Нашрияи маҳаллии «Кулябская правда» дар Кӯлоб аз ин ба баъд ҳар ҳафта нашр хоҳад шуд.

Ин имкон дар ҳоле даст додааст, ки пас аз 20 сол барои аввалин бор ин нашрия дар чопхонаи шаҳри Кӯлоб, ки тоза ба кор шурӯъ кардааст, нашр шуд. Аз ин пеш «Кулябская правда», ки бо забони тоҷикӣ ва русӣ бо маблағгузории ҳукумати маҳаллӣ нашр мешавад, бинобар аз кор бозмондани чопхонаи маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе моҳе як маротиба нашр мешуд.

Рустам Одинаев, сармуҳаррири нашрия мегӯяд, дурии роҳ ва харҷи зиёд ба онҳо имкон намедод, то ҳар ҳафта барои чопи нашрия ба пойтахт сафар кунанд. Фаъол шудани чопхонаи маҳаллӣ мушкили онҳоро осон кардааст: «Дар зимистонҳо рафтан хело мушкил буд. Як нафарро барои чопи ҳафтнома дар Душанбе масъул кардан лозим буд. Барои ӯ ҷои хоб ва роҳкиро дода даркор буд. Ҳозир ин мушкилиҳо бартараф шудааст. Агар ҳамин хел чоп кардан бигирад, дигар ба Душанбе рафтан зарур нест», меафзояд Рустам Одинаев.

Чопхонаи маҳаллии шаҳри Кӯлоб замони ҷанги шаҳрвандӣ аз кор бозмонд. Раҳмони Раҳим, директори ин чопхона мегӯяд, аз замони шӯравӣ як таҷҳизоти кӯҳна боқӣ монда буд, ки бо он ҳафтаномаҳоро бо сифати хуб нашр кардан ғайримумкин аст. Ба гуфтаи ӯ, бо сарфи ҳудуди 500 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти нав аз Чин ворид кардаанд, ки ин имкони нашри ҳафтаномаҳои маҳаллӣ бо сифати хубро фароҳам намудааст. Раҳбари матбаа меафзояд, «мо ҳоло ба тамоми ҳафтаномаҳои ноҳиявӣ дархост додем, ки дигар омада чоп кунанд. Вале ба ғайри «Кулябская правда» ягон нашрия барои чоп муроҷиат накардааст. Агар муроҷиат кунунд, мо барои ҳамкорӣ омодаем. Мо бюллетенҳои интихоботҳои ноҳиявиро низ чоп мекунем ва ҳамчунин китоб ҳам. Ин дастгоҳи муосир аст. Пештар дастгоҳе буд, ки тариқи даст ҳамаи корро анҷом медодем. Он дастгоҳ ҳам ҳаст, аммо сифати онро дар шароити ҳозира касе қабул намекунад».

Дар ҳамин ҳол, Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, фаъол набудани чопхона дар Кӯлоб ҳафтаномаҳоро ба моҳномаву гоҳнома табдил дода буд. Ҳоло, ки чунин як шароите фароҳам омадааст, Аҳмади Иброҳим тасмим дорад, ки як ҳафтаномаи хусусӣ таъсис бидиҳад: «Нияти ҳафтанома ташкил кардан доштем аммо ҳисоб кардем, ки агар дар Кӯлоб чоп нашавад, бо назардошти таҷрибаи ҳамқаламҳои дигар, мо муваффақ намешавем. Ва чун ин шароит фароҳам шудааст, барои сабти як ҳафтнома ба Вазорати фарҳанг муроҷиат кардаем. Дар ҳамин ҷо, Худо хоҳад, нашр мекунем ва ҳамин ҷо паҳн мекунем.»

Ин дар ҳолест, ки ягона нашрияи хусусии «Пажвок» бар асари мушкили матбаа аз чоп бозмонда буд. Бо фаъол шудани чопхонаи шаҳри Кӯлоб қарор аст ин нашрия низ дубора чоп шавад. Ҳоло дар минтақаи Кӯлоб фақат як нашрияи хусусӣ ва 15 номгӯй рӯзномаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ мавҷуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG