Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи душанбе дар шаҳри Алкувайт бинои сафорати Тоҷикистон дар Кувайт ифтитоҳ шуд. Ба иттилои сомонаи president.tj, дар ин маросим сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини нахуствазир, вазири умури хориҷаи Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ ширкат доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон боз шудани бинои cафорати Тоҷикистонро “рӯйдоди муҳим дар рушди робитаҳо бо давлати Кувайт” номид ва изҳори умедворӣ кард, ки “дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе низ сафорати Давлати Кувайт боз мешавад””, навиштааст сомона. Ба иттилои ин манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ дар хонаи миллии тоҷикӣ, ки дар назди сафорат бунёд ёфтааст, болои кати тоҷикӣ каме фароғат намуданд.

Сарвари Тоҷикистон рӯзи душанбе ҳамчунин дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, ки бо ширкати беш аз 150 соҳибкори ду кишвар баргузор гардид, суханронӣ кард.

Ба навиштаи сомонаи president.tj, сарвари Тоҷикистон, аз ҷумла, гуфтааст, “бояд эътироф намуд, ки сатҳ ва мазмуни ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва раванди сармоягузорӣ ҳанӯз ба имконоту ниёзҳои имрӯзӣ ва манфиатҳои миллии ду кишвар ҷавобгӯй нест ва мо бояд сатҳу мазмуни сифатан нави ҳамкории дуҷонибаи гуногунсоҳаро эҷод намоем”.
XS
SM
MD
LG