Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Каримов муҳоҷирони ӯзбакро "талбандаи хиёбонӣ" номид


Ислом Каримов ӯзбакҳоеро, ки кӯчаҳои Маскавро мерӯбанд, бо талбандагони хиёбонӣ баробар кардааст. Ба навиштаи бахши ӯзбакии Би-Би-Си, раисиҷумҳури Ӯзбакистон дар мулоқот бо кишоварзони вилояти Ҷиззах ӯ гуфтааст, “танбал онҳоеанд, ки ба Маскав мераванд ва он ҷо кӯчаву хиёбонҳоро мерӯбанд... Ҳамин тариқ, вақте онҳо барои як пора нон шуда омодаанд ҳама корро анҷом диҳанд, одамон нисбати миллати ӯзбак бадбинӣ пайдо мекунанд”. Ислом Каримов афзудаст, ки “то имрӯз дар Ӯзбакистон касе аз гуруснагӣ намурдааст”. Сарвари Ӯзбакистон мутмаин аст, онҳое, ки барои ҷустуҷӯи кор ба хориҷа мераванд, “ҳамаи моро бадном мекунанд”. “Вақте инсон талбанда шуда, ба кӯча мебарояду даст дароз менамояд, ӯ шарафи худро гум мекунад. Миллати ӯзбак аз дигар миллатҳо бо чӣ фарқ мекунад? Бо нангу номусаш! Магар ин гуна шармандагӣ бадтар аз марг нест?”

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузориҳо, теъдоди муҳоҷирони ӯзбакистонӣ дар Русия аз ҳама бештар – 2 миллион нафар аст ва онҳо ҳамасола ба кишвар беш аз 6 миллиард доллар мефиристанд. Миёни шаҳрвандони Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати теъдод тоҷикҳо дар мақоми дуввум ва қирғизҳо дар ҷойи саввуманд. Соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик ба кишвар тақрибан 4 миллиард доллар интиқол дода буданд.
XS
SM
MD
LG