Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ миёни сунниҳо ва артиши Лубнон дар Сайдо


Дар як задухӯрд бо мусаллаҳони суннимазҳаб дар шаҳри бандарии Сайдои Лубнон дасти кам 12 сарбози артиш кушта шуданд. Хабаргузории миллии кишвар мегӯяд, ки бар асари даргирӣ бо истифода аз мусалсал ва гранатомётҳо 50 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Шумораи қурбониён миёни мусаллаҳони суннимазҳаб ва мардуми осоишта маълум нест.

Задухӯрд баъди он шурӯъ шуд, ки баъд аз боздошти яке аз афроди шайх Аҳмад ал-Асир як постгоҳи артиш тирборон шуд. Бар пояи хабарҳо, айни ҳол сарбозон масҷиди шайр ал-Асирро муҳосира кардаанд.

Сайдо ва атрофи он ҳафтаи гузашта дар пайи як низоъ миёни мусалмонҳои суннимазҳаб ва шиаҳои пуштибон аз ҳукумати Башор Асад дар Сурияи ҳамсоя ноором шуданд.
XS
SM
MD
LG