Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сноуден аз Эквадор дархости паноҳандагӣ кардааст


Эдвард Сноуден

Эдвард Сноуден

Вазири умури хориҷии Эквадор мегӯяд, ки Эдвард Сноуден аз ин кишвар дархости паноҳандагии сиёсӣ кардааст. Рикардо Патино дар ин бора рӯзи якшанбе дар Твиттер, ҳангоми сафари расмияш ба Виетнам хабар дод.

Эдвард Сноуден, корманди собиқи хадамоти кашфи ИМА, рӯзи якшанбе аз Ҳонконг ба Маскав омад. Қарор аст, ки ӯ рӯзи 24 июн ба Ҳавана, пойтахти Куба, парвоз кунад. Барои мулоқот бо Сноуден кормандони сафорати Эквадор дар Маскав ба фурудгоҳи “Шереметиево” омаданд.

Чак Шумер, узви Сенати ИМА аз ҳизби демократ, ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки дар тарки Ҳонконг кардани корманди собиқи Хадамоти Марказии кашфи Амрико ва Оҷонси амнияти милли ИМА Эдвард Сноуден мақомоти Чин масъуланд. Ба гуфтаи сенатор, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам дар паноҳгоҳ додан ба Сноуден даст дорад.

Эдвард Сноуден аввалҳои моли июн иттилоъ дар бораи барномаи махфии СРУ, Хадамоти Марказии кашфи Амрикоро фош намуд. ИМА дархости боздошт ва истирдоди ӯ ба кишварро кардааст. Ба Сноуден дар Амрико даҳ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG