Пайвандҳои дастрасӣ

СҶТ ва Иттиҳоди Гумрукӣ. Кадоме барои Тоҷикистон авлотар аст?


Намояндаи Тоҷикистон дар ИДМ мегӯяд, пас аз ворид шудани ин кишвар ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, монеаҳое барои шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Гумрукӣ ва Фазои ягонаи Иқтисодӣ пеш омадаанд. Файзулло Холбобоев ин матлабро дар сӯҳбат ба пойгоҳи иттилоотии "Русия барои ҳама" баён карда ва гуфтааст, ки "Тоҷикистон дар назди Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат як зумра ӯҳдадориҳое гирифтааст, ки имконияти кишварро барои ворид шудан ба Иттиҳоди Гумрукӣ маҳдуд мекунад."

Ба гуфтаи ҷаноби Холбобоев, "ҳукумат ва коршиносон масъалаи муассирии ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Гумрукӣ ва Фазои ягонаи Иқтисодиро таҳқиқ карданд ва дар натиҷа маълум шудааст, ки дар марҳилаи аввали ворид шудан ба Иттиҳоди Гумрукӣ самараи иқтисодӣ чандон зиёд нест, вале баъдан аз ҳисоби зиёд шудани гардиши молу коло ва афзоиши муносиботи тиҷоратӣ манфиати он бештар хоҳад шуд. Ин намояндаи Тоҷикистон дар ИДМ афзудааст, нафъе, ки Тоҷикистон аз ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ ба даст хоҳад овард, ин аст, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва Қазоқистон метавонанд бидуни монеа кору фаъолият дошта бошанд. Ба ин далел Файзулло Холбобоев таъкид кардааст, ки маҳз аз ин лиҳоз ҷониби Тоҷикистон манфиатдори вуруд ба Иттиҳоди Гумрукист.

Аз 2 марти соли ҷорӣ Тоҷикистон ба таври расмӣ узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дониста мешавад. Акнун Тоҷикистон узви 159 ин созмон ба шумор меравад. Барои даромадан ба узвияти ин созмон Тоҷикистон 12 сол пеш дархост дода буд ва тамоми ин муддат музокирот ва таҳияи қонунгузориҳои ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти байналмиллалӣ идома дошт. Протоколи узвияти Тоҷикистон дар ин созмон 10-уми декабри соли гузашта дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мудири иҷроияи Созмони ҷаҳонии тиҷорат Паскал Ламӣ ба имзо расида буд.Тоҷикистон ӯҳдадор шуд, ки фазои бози тиҷорат ба вуҷуд меорад ва ҳамгироиаш бо тиҷорати ҷаҳониро суръат мебахшад.

Дар ибтидои соли 2001 ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат санаде фиристод ва изҳор дошт, ки омода аст, ки ба ин созмон ворид шавад. Моҳи июли ҳамон сол Тоҷикистон ҳамчун кишвари нозир ба ин созмон пазируфта шуд. Ҳамон вақт як гурӯҳи корӣ созмон ёфт ва ба кор шуруъ кард.
XS
SM
MD
LG