Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ-2013: Пирӯзии “Хайр” бар “Кӯктош”


Рӯзи якшанбе, 23-юми июн мусобиқа барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) - 2013 шурӯъ шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ мусобиқа аз ду давра иборат аст. Марҳалаи аввал дар ду минтақа - Душанбе ва вилояти Суғд баргузор мешавад. Баъдан даври ниҳоӣ барпо мегардад.

Дар марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе, ки то 28-уми июн дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат доир мешавад, 4 даста – «Истиқлол»-и Душанбе, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Кӯктош-С»-и ноҳияи Рӯдакӣ ширкат меварзанд. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд.

Баъди анҷоми марҳалаи пешакӣ ду дастаи беҳтарин аз минтақаҳои Душанбе ва Суғд ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳо дар хона ва меҳмонӣ барпо мегарданд. Сипас ду дастаи ғолиби бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал мебароянд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Дар нахустин бозии даври аввали мусобиқот тими “Хайр” бо раҳбарии сармураббии нави даста Рустам Хоҷаев бар тими “Кӯктош-С” бо ҳисоби бузурги 5:2 ғалаба кард. Голҳо: Алишер Ӯлмасов, 27 (0:1). Ҳаким Амроҷонов, 31 (1:1). Баҳодур Шарифов, 53 – аз пеналтӣ (1:2). Мирзобек Мирзоев, 58 (1:3). Мирзобек Мирзоев, 66 (1:4). Идибек Ҳабибуллоев, 73 (1:5). Ҳаким Амроҷонов, 83 (2:5).
23-юми июн. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 4000 тамошогар.

Ҷоми ФФТ. Мусобиқаи пешакӣ.
Минтақаи Душанбе.

Даври 1-ум
23-юми июн (якшанбе)
«Кӯктош-С» - «Хайр» - 2:5
24-уми июн (душанбе)
«Истиқлол» - ССКА «Помир»
Даври 2-юм
25-уми июн (сешанбе)
«Хайр» - «Истиқлол»
26-уми июн (чоршанбе)
ССКА «Помир» - «Кӯктош-С»
Даври 3-юм
27-уми июн (панҷшанбе)
«Кӯктош-С» - «Истиқлол»
28-уми июн (ҷумъа)
«Хайр» - ССКА «Помир»
Оғози бозиҳо - соати 18:00
XS
SM
MD
LG