Пайвандҳои дастрасӣ

Ихтироъкунандаи мусалсали Калашников ба бемористон интиқол ёфт


Михаил Калашников

Михаил Калашников

Михаил Калашникови 93 сола ва ихтироъкунандаи мусалсал ё автомати “Калашников”-ро вазорати корҳои фавқулоддаи Русия аз шаҳри Ижевск барои муоинаи тиббӣ ба бемористони Маскав интиқол додааст. Як мақоми расмии вазорати беҳдошти Русия ба рӯзноманигорон гуфт, ки вазъи саломати Калашников “яксон вазнин” аст ва аз лар бастани хун дар рагҳои шуш заҷр мекашад.

Калашников барои муддати кӯтоҳ дар охири моҳи май дар Ижевск дар бемористон бистарӣ шуда буд. Вай барои ихтирои мусалсали Калашеиков ё АК-47 ба дарёфти ҷоизаҳои зиёди Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия ноил шудааст. Ҳоло ин мусалсал аз маъмултарин мусалсал дар ҷаҳон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG