Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сновден Ҳонг Конгро ба қасди Маскав тарк кардааст


Элуард Сновден

Элуард Сновден

Рӯзномаи "South China Morning Post"-чопи Ҳонг Конг дар шумораи рӯзи якшанбеи худ гузориш додааст, ки Эдуард Сновден-корманди пешини қарордодии кашфи Амрико Ҳонг Конгро тарк кардааст ва дар роҳ ба сӯи Маскав мебошад.

Сухангӯи ҳукумати Ҳонг Конг низ таъйид кард, ки Сновден қаламрави онҳоро тарк кардааст. Сновден ҷузъиёти маълумоти маҳрамона дар бораи барномҳои назоратии Амрикоро ифшо кардааст.

Ин рӯзнома бо Сновден мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом додааст ва навиштааст, ки Сновден бо ҳавопаймои ширкати Аэрофлот парвоз мекунад ва Маскав нуқтаи ахири сафари вай нахоҳад буд.

Интизор меравад, ки вай соати 17:05 вақти маҳаллӣ вориди Маскав шавад.
Сновденро дар Амрико барои дуздии дороии давлатӣ, ифшои огоҳонаи маълумоти маҳрам ва пахши маълумот дар бораи корҳои дифоӣ муттаҳам медонанд.
XS
SM
MD
LG