Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтон аз Ҳонг Конг истирдоди Сновденро тақозо дорад


Том Данилон
Том Данилон
Амрико аз Ҳонг Конг тақозо кардааст, ки ҳар чӣ зудтар дархост дар бораи истирдоди Эдуард Сновденро иҷро кунад. Сновден корманди пешини қарордодии Амрико барои истифода аз маълумоти маҳрамонаи кашф роҷеъ ба барномаҳои назоратӣ муттаҳам дониста мешавад.

Том Донилон-мушовири амнияти миллии Амрико рӯзи шанбе аз телевизиони Амрико гуфт, ки кишвараш бар зидди Сновден “парвандаи хуб”- е дуруст кардааст. Рӯзномаи “South China Morning Post” навиштааст, ки Сновден боздошт нашудааст ва зери ҳимояти пулис низ қарор надорад, балки дар кадом минтақаи Ҳонг Конг дар “маҳали амн” ба сар мебарад.

Ин рӯзнома ҳамчунин иқтибос овардааст, ки Сновден ҷузъиёти тозаеро дар бораи фаъолиятҳои ҷосусии Амрико, аз ҷумла боз кардани гуфтугӯҳои телефонҳои ҳамроҳи ширкатҳои чинӣ ва ҳадаф қарор додани донишгоҳи бузурги Сингҳуа ифшо кардааст.
XS
SM
MD
LG