Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шимоли Покистон ба меҳмонсарое ҳамла карданд


Бино ба гузоришҳо, афроди мусаллаҳ субҳи рӯзи якшанбе дар шимоли Покистон дар вилояти Ҷилҷит Балтистон ба меҳмонсарое ҳамла бурдаанд. Дар ин ҳамла 9 сайёҳи хориҷӣ ва як посбони покистонӣ ба қатл расидаанд.

Пулис мегӯяд, дар миёни сайёҳони кушташуда шаҳрвандони Чину Русия ва Украина ҳастанд. Сафири Украина дар Покистон таъйид кард, ки 5 нафари қурбониёни ҳодиса шаҳрвандони Украина будаанд. Ожонси сайёҳии Русия мегӯяд, ки дар миёни кушташудагон як нафар шаҳрвавнди Русия аст. 3 нафари дигар шаҳрвандони Чин будаанд.

Ба гуфтаи пулис, ҳамлакунандагон баъд аз ин ҳодиса фирор кардаанд.
Як мақоми баландпояи ҳукуматӣ гуфт, ки чанд нафар аз кормандони амниятӣ ба маҳали ҳодиса фиристода шудаанд. Ҷилҷит Балтистон бо Чин ва Кашмир ҳаммарз аст ва бо табиати зебояш шӯҳрат дорад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки то ҳол ин маҳал яке аз минтақаҳои амну ором ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG