Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шимоли Афғонистон 18 нафар Толибон кушта шудаанд


Рӯзи шанбе мақомоти маҳалии Афғонистон гуфтанд, ки нируҳои амниятии ин кишвар дар шимоли Афғонистон дар вилояти Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, 18 нафар шӯиришиёни Толибро ба қатл расондаанд.

Саид Сарвар Ҳусайнӣ-сухангӯи пулиси вилоят ба радиои Озодӣ гуфт, даргирӣ бо Толибон замоне шурӯъ шудааст, ки як гурӯҳи Толибони мусаллаҳ рӯзи ҷумъа дар вулусволии Қалъаи Зол ба посгоҳи амниятӣ ҳамла бурдаанд. Дар ин ҳамла фармондеҳи пулиси вулусволӣ кушта ва як афсари пулис ҷароҳат бардоштааст.

Ҳусайнӣ гуфтааст, ки дар миёни афроди ҳамлавари Толибон 3 шаҳрванди хориҷӣ низ будаанд. Дар ҳамин ҳол нируҳои эътилофи байналмиллалӣ дар Афғонистон хабар додаанд, ки як сарбози онҳо дар ҷануби Афғонистон кушта шудааст, вале дар бораи ҷузъиёти он хабар надодаанд.
XS
SM
MD
LG