Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрванди Тоҷикистонро барои куштор дар Маскав боздошт карданд


Бино ба хабари матбуоти Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба эҳтимоли куштори Дмитрий Любашенко-муттахассиси муди Русия боздошт кардаанд. Ин хабарро сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ таъйид кард.

Куштор дар аввалҳои моҳи июн дар Маскав рух дода буд. Аз шахси гумонбар телефонеро пайдо кардаанд, ки ба Любашенко тааллуқ дошт.

Любашенко дар хонаи худаш аз зарби корд ҷон додааст. Дар ин бора раёсати умумии тафтишоти Маскав хабар додааст.

Бино ба навиштаи матбуот, қотил шаҳрванди 21 солаи Тоҷикистон аст, вале аз вай ном намебаранд.

Дар хабар омадааст, ки дар ояндаи наздик ҷазои ин шахс дақиқ ва вай барои куштор маҳкум ба зиндон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG