Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Шаҳристон шавҳар ба ҷони занаш ва кӯдаки батни вай қасд кард


Як сокини ноҳияи Шаҳристон барои куштори кӯдаки батни модар гунаҳгор дониста мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд ба “Азия Плюс”хабар додааст.

Сокини 32 солаи ин ноҳия, ки аз вай ном бурда намешавад, дар хонаи падару модари хонуми 19 солаи худ ба шиками вай корд мезанад. Вай ҳамчунин ба модарарӯси 44 солаи худ корд мезанад ва вайро захмӣ мекунад. Сипас аз маҳали ҷиноят ғайб мезанад.

Хонумаш баъд аз кӯмаки табибон ҷон ба саломат бурд, вале кӯдаки батнаш, ки ба таваллуд наздик буд, ҷон додааст.

Ҷустуҷӯи шавҳар идома дорад ва бар зидди вай барои суиқасд ба ҷони инсон парванда боз шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG