Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона мегӯяд, Амрико дар Афғонистон ҳузури фаъол хоҳад дошт


Сомонаи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон
Сомонаи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон
Сомонаи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон навиштааст, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба ҳамтои қазоқи худ Нурсултон Назарбоев гуфтааст, ки баъд аз хуруҷи нируҳои Амрико аз Афғонистон Амрико “ба таври густарда дар рушди Афғонистон ва Осиёи Марказӣ” саҳм хоҳад дошт.

Дар сомонаи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон иқтибосҳое аз номаи Обама ба Назарбоев оварда шудааст. Дар ин иқтибосҳо гуфта мешавад, ки чунин кор ба нафъи ду кишвар ва ба нафъи амният ва пешрафти Афғонистон хоҳад буд.

Сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико ба радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ҳеҷ гоҳ номаҳои раиси ҷумҳурро шарҳ намедиҳанд ва чунин корро дар гузашта руасои ҷумҳур кардаанд.
XS
SM
MD
LG