Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коммунистҳои рус ба раъйдиҳии муҳоҷирон мухолифанд


Russia -- The members of the local election commission open the ballot box for counting at the polling station in Siberian city of Irkutsk, 5185km from Moscow 02Mar2008

Russia -- The members of the local election commission open the ballot box for counting at the polling station in Siberian city of Irkutsk, 5185km from Moscow 02Mar2008

Ҳизби коммунисти Русия ба раъйдиҳии муҳоҷирон дар интихоботи вакилони маҷлиси вилоятҳои ин кишвар мухолифат нишон додаанд.

Вячеслав Теткин, вакили Думаи давлатии Русия аз фраксияи Ҳизби коммунисти Русия дар шарҳи иқдоми ҳукумати вилояти Тюмен дар мавриди иҷозаи муҳоҷирон баҳри райъдиҳӣ дар интихоботи вакилони маҷлиси ин вилоят гуфтааст, ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» мехоҳад аз муҳоҷирон ба нафъи худ дар интихобот сӯиистифода кунад:

«Маълум аст, ки муҳоҷирон ба ҳизби ҳоким овоз хоҳанд дод. Муҳоҷирон аз роҳбарони корхонаҳо ва гурӯҳҳои ҷинояткорӣ этникӣ вобаста ҳастанд. Бо назардошти ин ҳолати беҳуқуқиашон, онҳо дар интихобот танҳо тибқи фармони боло овоз хоҳанд дод.»

Ба гуфтаи оқои Теткин, бо назардошти вазъи бади иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ин кишвар ва болоравии нархҳои маводи хӯрока, ҳизби «Русияи воҳид» эътиборашро аз даст медиҳад ва аз ин рӯ муҳоҷирон, ки тибқи маълумотҳои гуногун аз 10 то 20 ҳазор нафар ҳастанд, дар ин вилоят барои ҳукумати маҳаллӣ, ки дар байни мардум обрӯяшро аз даст додаст, муттакои хубе ҳастанд.

Ба таъкиди Теткин, Ҳизби коммунистии Русия талаб хоҳад кард, ки ин қарори Комиссияи маркази интихоботии ин кишвар лағв карда шавад, то ин ки интихобот ба «тақаллубкорӣ табдил нашавад.

Бояд гуфт, ҳафтае қабл Комиссияи маркази интихоботии Русия эълон кард, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, ки ҳаққи иқомат (Вид на жителство) дар Русияро дарёфт кардаанд, имкон доранд дар интихоботи маҷлиси вакилони ин вилоят ширкат кунанд.

Вилояти Тюмени Русия шомили Округи Федералии Урали Русия буда, аз нафтхезтарин вилоятҳои ин кишвар аст. Ҳамчунин ин вилоят дорои беш аз 80 дарсади захираҳои гази Русия аст ва бинобар вазъи хуби иқтисодияш таваҷҷӯҳи муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Миёнаро бештар ба худ ҷалб кардааст.
XS
SM
MD
LG