Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сновден ба ҷосусӣ ва дуздии маълумот муттаҳам мешавад


Эдуард Сновден
Эдуард Сновден
Ҳукумати Амрико бар зидди Эдуард Сновден барои ҷосусӣ парванда боз кард ва аз мақомоти интизомии Ҳонг Конг хост, ки вайро боздошт кунанд. Сновден корманди пешини қарордодии Ожонси Амнияти Миллии Амрикост, ки маълумот дар бораи гуфтугӯҳои сиррии телефонӣ ва назорат бар барномаҳои интернетиро ифшо намуд.

Додгоҳ ин маводро рӯзи ҷумъа дастраси умум кард ва Сновден барои ҷусусӣ, дуздии маълумот ва дастрасии худсарона ба маълумоти кашф гунаҳгор дониста мешавад.
Бар зидди Сновден дар додгоҳи федеролии аёлати Вирҷиния парванда боз шудааст.

Барои ҳар як аз ин гуноҳҳо тибқи қонун 10 соли ҳабс пешбинӣ шудааст. Бино ба гузоришҳо, Амрико ҳуҷҷатҳои зуруриро барои истирдоди Сновден аз Ҳонг Конг омода мекунад.
XS
SM
MD
LG