Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши хабарнигорони варзишӣ бахшида ба Рӯзи олимпӣ


Tajik sport journalists Association's meeting, Dushanbe, 22.06.2013

Tajik sport journalists Association's meeting, Dushanbe, 22.06.2013

Имрӯз, 22-юми июн, дар шаҳри Душанбе ҳамоиши хабарнигорони варзишии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи олимпӣ баргузор шуд.

Ба иттилои Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), дар ин ҳамоиш, ки дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) барпо гардид, намояндагони расонаҳои хабарии кишвар ширкат варзиданд.

Дар ин ҳамоиш Паёми президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Жак Рогге ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қироат шуд. Дар он, аз ҷумла гуфта мешавад, «ҳаракати олимпии муосир, 23-юми июни соли 1894 дар Донишгоҳи Сорбонаи шаҳри Париж тавлид ёфтааст. Дар ин маҷлис марди ҷавон Пйер Де Кубертен ва тарафдорони ӯ дар бораи аз нав эҳё кардани Бозиҳои олимпӣ ва ташкил намудани Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул намуданд. Имрӯз тамоми мардуми ҷаҳон 23-юми июнро ҳамчун Рӯзи олимпӣ ҷашн мегиранд. Ин рӯз ба дигар ҷашнҳо ва дигар идҳои миллӣ монанд нест. Зеро он ба як кишвар ё ки ифтихори ягон шахсият мутааллиқ нест. Дар он муҳориба ё ғолибият ҷой надорад. Ин рӯзи ҳамагон буда, ба варзиш, давидан ва машқварзӣ машғул шудан имконият мебахшад.»

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, “Рӯзи олимпӣ барои бори панҷум дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҳамчун иди варзиши оммавӣ таҷлил мешавад. Рӯзи олимпӣ барои дар амал ҷорӣ шудани идеяи олимпизм ва рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ин рӯз дар манотиқи мухталифи кишвар чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд. Чунончи, дар шаҳри Норак чемпионати Тоҷикистон оид ба теннис, дар шаҳри Хуҷанд чемпионати кишвар оид ба шиноварӣ, дар шаҳри Душанбе,дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мусобиқот дар риштаҳои волейболу футбол доир мешаванд.”

Баҳрулло Раҷабалиев, инчунин, ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои имсолаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки ба он раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунад, ва ҷараёни омодагиҳо ба Бозиҳои IV осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ (29 июн – 7 июл), Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазони Тотористони Русия (июл) ва Бозиҳои осиёӣ байни наврасон дар шаҳри Нанҷинги Чин (август) иттилоъ дод.


Шореҳони варзиши Тоҷикистон

Шореҳони варзиши Тоҷикистон

Дар ҷараёни мулоқот хабарнигрон ба суолҳои худ дар робита ба омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ посухҳои дақиқ гирифтанд.

Ҷаноби Раҷабалиев ба хабарнигорони варзишии кишвар барои ҳамкориҳои пайваста бо ин кумита ва тарғиби ҳаракати олимпӣ изҳори сипос намуда, онҳоро бо фарорасии иди касбиашон – Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ табрик гуфт ва ба беҳтаринҳо сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро супурд.
XS
SM
MD
LG