Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ба созмонҳои иҷтимоӣ барои танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ ва кӯмакҳои молӣ ба онҳо «Фонди мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо»-ро ташкил хоҳад кард.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд, лоиҳаи Фонди мазкур ҳанӯз соли 2010 аз ҷониби чанд созмони давлативу ғайридавлатӣ ироа шуда буд, ки алҳол мавриди омӯзиш қарор дорад.

Ба таъкиди ҷаноби Қодирӣ, дар сурати фаъол шудани бунёди мазкур маблағгузорони асосии он ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин худи муҳоҷирони корӣ хоҳанд буд. Ҳақҳи узвият ба ин фонд тавассути муҳоҷирон маблағи як доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Аммо шарту шароити пардохти ҳаққи узвият ҳанӯз мушаххас нашудааст. Таҳиякунандагони ин лоиҳа мегӯянд, танҳо пас аз таъсиси ин бунёд ва қабули «Қонуни Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират» шароити узвият ва пардохти ҳақи узвият маълум хоҳад шуд.

Бо ин ҳам ба гуфтаи сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар таҳияи лоиҳаи ин бунёд ё фонд таҷрибаи кишварҳои Ҳинду Филиппин ба назар гирифта шудааст

Музафар Зарифов, раҳбари созмони иҷтимоии "Муҳоҷират ва рушд"

Музафар Зарифов, раҳбари созмони иҷтимоии "Муҳоҷират ва рушд"

Ҳарчанд, ки ба андешаи Абдулло Қодирӣ чунин бунёдҳо дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик амал мекунанд, аммо онҳо расмӣ нестанд. Вай афзуд: «Бе ин ҳам ҳоло низ аллаккай ба таври на ташаккул ёфта, амал мекунад. Ҳар як минтақае, ки муҳоҷирони меҳнатии мо ҳастанд, байни худ маблағи муайянеро барои маргу мири худ ва фаъолиятҳояшон ҷамъ мекунанд. Ё барои ободии деҳаи худашон.»

Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар сурати таъсиси чунин фонд аз ҳисоби ҳукумати Тоҷикистон ва пардохт нашудани ҳақи узвият тавассути муҳоҷирон эҳтимол дорад, корҷӯёни тоҷик аз кӯмаки ин бунёд маҳрум гарданд.

Музаффар Зарифов, раҳбари созмони иҷтимоии "Муҳоҷират ва рушд" мегӯяд беҳтар мебуд агар фонди мазкур аз ҷониби худи корҷӯён ё аъзои шӯрои он роҳбарӣ карда шавад. Зеро онҳо моҳияти фондро дурусттар мефаҳманд. Ҷаноби Зарифов аъзои фонд будани муҳоҷиронро як амри зарурӣ медонад, "вақте чунин мешавад ин хуб аст, зеро онҳо ҳаққи худро талаб карда метавонанд. Агар онҳо аъзои фонд набошанд, бюрократаи мо чунон тараққӣ кардааст, ки дар ҳар лаҳза метавонанд баҳонае пеш оварда, не, гӯянд.»

Аммо бештари коршиносон ҷонибдорӣ маблағгузории фонд тавассути ҳукумати Тоҷикистон ва бонкҳое ҳастанд, ки маблағи муҳоҷиронро қабул мекунанд ва аз он суд ба даст меоранд. Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии "Перспектива плюс» ва ҳуқуқдони тоҷик дар ин бора чунин мегӯяд: “Даромаде, ки бонкҳои Тоҷикистон аз муҳоҷирон мегиранд, як фоизаш ба ҳамин фонд Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии "Перспектива плюс»

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии "Перспектива плюс»

гузаронида шавад. Вақте мо ҳисоб кардем, як фоиз як саду панҷоҳ ҳазор доллар мешавад. Чанд бонкҳое ҳастанд, ки ба ин кор машғуланд. Ё одамоне, ки меҳнати онҳоро истифода мебаранд, бояд дар ин фонд як миқдор маблағ гузаронанд.”

Ҳамзамон Ойниҳол Бобоназарова ба шаффоф будани фаъолияти фонд таъкид дорад ва меафзояд, ки ин ниҳояд бояд пеши роҳи фасодро бигирад. Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, дар ҳолати набудани шаффофият, касе намедонад, ки маблағи муҳоҷирон ба дасти кӣ мерасад ва дар куҷо сарф мешавад.

Аз сӯҳбат бо масъулони Хадамоти муҳоҷират маълум гардид, ки фонд танҳо дар хориҷи кишвар мавриди амал қарор мегирад ва дар сурати ба Тоҷикистон баргаштани муҳоҷирон, ҳатто дар мавридҳои маъюбӣ ҳам онҳо аз кӯмаки фонди мазкур баҳравар нахоҳанд шуд.

Таҳиякунандагони лоиҳаи ин фонд мегӯянд, кӯмак ба шаҳрвандон дар дохили кишвар ба салоҳияти вазорату кумитаҳои дахлдор вогузор шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз як миллион нафар дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва даҳҳо нафари онҳо маъюб ба ватан бармегарданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG