Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Сурия мегӯянд, онҳо аслиҳаи наверо дастрас карданд, ки самти набард бо нерӯҳои вафодор ба раисиҷумҳур Башор Асадро куллан тағйир хоҳад дод.

Рӯзи ҷумъа Луай Мақдод, намояндаи Артиши озодихоҳи Сурия, хабар дод, ки ин силоҳ ахиран аз мамолики арабӣ ва дигар кишварҳо расидааст. Ӯ аз ошкор кардани навъи аслиҳа, кай ва аз кадом кишварҳо расидани он худдорӣ намуд ва аммо гуфт, ки то ҳол ИМА ба ошӯбгарон ҳеҷ гуна силоҳ нафиристодааст.

Аввалҳои моҳи июн мақомоти Амрико гуфтанд, ки раисиҷумҳур Барак Обама баъди дарёфти итттилои дақиқ дар бораи истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз сӯи режими Башор Асад барои интиқоли силоҳ ба мухолифини мусаллаҳи Димишқ дастур додааст.
XS
SM
MD
LG