Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Порис ҳунарманди маъруфи синамо Жерар Депардиеро барои ронандагӣ дар ҳоли мастӣ муҷозот кард – ӯ шаш моҳ ҳаққи сари фармон нишастанро надорад ва бояд чаҳор ҳазор евро ҷарима пардохт кунад. Дар мурофиаи долгоҳӣ, ки рӯзи ҷумъа, 21 июн, баргузор шуд, ҳунарманди 64-сола ширкат надошт. Зимнан, Депардие бозрасии парванда дар додгоҳро ҳам сарфи назар карда буд. Жерар Депардие моҳи ноябри соли гузашта дар Порис баъд аз садама ва уфтодан аз скутер боздошт шуда буд. Санҷиш муқаррар кард, ки сатҳи машрубот дар хуни ӯ се баробар бештар аз меъёри муқарраршуда аст.

Моҳи январи соли равон Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба Жерар Депардие шаҳрвандии Русияро эҳто кард. Тавре аз фармони ӯ бармеояд, раисиҷумҳур дархости дарёфти шаҳрвандӣ аз сӯи Жерар Депардиеро, ки соли 1948 дар Фаронса ба дунё омадааст, пазируфтааст.Ин хабар барои бисёриҳо ғайримунтазира буд, зеро аз ин пеш Депардие гуфта буд, ки мехоҳад шаҳрвандии Белгияро дарёфт кунад. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ӯ ба хотири фирор аз андозҳои баланд Фаронсаро тарк намудааст. Депардие шиносномаи русии худро дар шаҳри Саранск ба қайд гузоштааст.
XS
SM
MD
LG