Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳиндустон садҳо нафар қурбонии обхезӣ шуданд


Дар аёлати Уттараханд, воқеъ дар шимоли Ҳиндустон, бар асари обхезиву ярч беш аз 550 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора сарвазири аёлат Виҷай Бахугуна хабар дод. Созмонҳои хайрия мегӯянд, ки тақрибан 5 ҳазор нафар то ҳол беному нишонанд. Онҳо асосан афродеанд, ки барои зиёрати ҷойҳои муқаддас омадаанд. Аз ҳама бештар шаҳри Кедарнатҳ, ки зиёратгоҳи муқаддаси пайравони дини ҳинду маҳсуб мешавад, осеб дидааст.

Бар пояи хабарҳо, обхезӣ дар аёлатҳои Химачал-Прадеш, Уттар-Прадеш ва Непали ҳамсоя ҳам боиси ҳалокати одамони зиёд шудааст. Мақомот барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ низомиёнро ҳам сафарбар кардаанд.
XS
SM
MD
LG