Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар қасри президентии Латвия


Сӯхтор манзили зисти президенти Латвияро, ки дар як қасри асримиёнагӣ қарор дорад, тахриб намуд. Сӯхтори шаби панҷшанбе оғоз ёфт. Субҳи ҷумъа гурӯҳҳои оташнишонӣ сӯхторро хомӯш карданд.

Ба қавли расонаҳо оташ дар манзили зисти президенти кишвар 3200 метри мураббаъро фаро гирифта буд. Президенти Латвия ин сӯхторро фоҷеаи миллӣ номидааст. Дар ин қаср таъмир ҷараён дошт ва президент муваққатан дар ҷои дигар иқомат дорад.
XS
SM
MD
LG