Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе ҳукми қатл ва лағви он баҳс мешавад


Имрӯз дар Душанбе сӯҳбати сари мизи мудаввар бахшида ба ҳукми қатл ва истифодаи муҷозоти алтернативии он дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Дар бинои китобхонаи миллии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намоядагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, мансабдорони давлатӣ ва намояндагони Созмони байналмилалии ислоҳоти низоми маҳбасҳо (Penal Reform International) дар бораи ҳукми қатл ва ҳабси ҳаётӣ дар Тоҷикистон табодули назар мекунанд.

Ин чорабинӣ зери сарпарастии Иттиҳодияи Аврупо амалӣ мешавад, ки ҳадаф аз он аз байн бурдани ҳукми қатл ҳамчун ҷазои олӣ дар Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон дар соли 2004-ум иҷрои ҳукми қатлро манъ кардааст. Ҳоло бо фармони президенти Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ имкони лағви ҳукми қатлро баррасӣ дорад.
XS
SM
MD
LG