Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси сафирони афғону покистонӣ дар СММ


Зоҳир Танин-сафири Афғонистон дар СММ

Зоҳир Танин-сафири Афғонистон дар СММ

Фиристодагони Афғонистон ва Покистон дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ дар масъалаи ҳузури ифротгароҳои исломӣ дар марзи муштараки миёни ду кишвар баҳси оташин доштанд.

Шоми панҷшанбе сафири Афғонистон дар СММ Зоҳир Танин гуфт:

Ҳанӯз ҳам дар хоки Покистон паноҳгоҳҳои террористон вуҷуд доранд ва ҳамоно баъзе унсурҳо терроризмро ҳамчун василаи сиёсати хориҷии худ истифода мебаранд.”

Сафири Покистон дар СММ Масъуд Хон айбномаи тарафи афғонро рад кард ва гуфт:”террористон дар ҳар ду тарафи марз фаъоланд.

Ӯ илова кард, ки баъзе ҳамлаҳои ифротгароҳо дар Покистон дар қаламрави Афғонистон тарҳрезӣ шудаанд.

Ин баҳс баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки Покистон Толибони афғонро ба музокирот бо ИМА моил намуд.
XS
SM
MD
LG