Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наздикони Димон аз ҳарфҳои Файзи Олӣ дар тааҷҷуб мондаанд


Наздикони Димон Ашӯров, як сокини Бадахшон, ки аз ҷониби Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми зиндон гирифт, мегӯянд, онҳо дигар ба Файзи Олӣ ҳамчуни ҳимоятгар муроҷиат нахоҳанд кард.

Ва дар сурати зарурати пеш омадани ҳимояти ҳуқуқӣ, ба вакилони мудофеи дигар рӯ хоҳанд овард. Ин тасмимро наздикони Димон Ашӯров ба дунболи изҳороти вакили дифоъ Файзи Олӣ гирифтаанд, ки ду рӯз қабл ӯ ҳукми додгоҳ дар нисбати зерҳимояашро одилона хонд.

Файзи Олӣ, вакили дифои Димон Ашӯров рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳукми Додгоҳи олӣ дар нисбати ин ду нафар ба қувваи иҷро даромад ва наздикони онҳо низ аз ин ҳукм норозӣ нестанд ва гуфтанд, ки дигар дар нисбати Димон Ашӯров шикоят нахоҳанд бурд ва онҳо акнун дар маҳбас давраи ҷазои худро паси сар хоҳанд кард.

Ғайрат Ашӯров, бародари Димон Ашӯров ба "Озодӣ" гуфт, ки ба изҳороти ахири вакили мудофеи бародараш Файзи Олӣ аз тариқи интернет ошно шуда ва ба нукоти он розӣ намебошад. Ӯ рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз огоҳ шуданаш аз ҳарфҳои Файзи Олӣ дар мавриди ҳукми Додгоҳӣ олӣ, хонаводаи онҳо дар тааҷҷуб мондаанд, ки чӣ тавр ҳимоятгари бародараш пас аз ба иҷро даромадани ҳукми додгоҳ мегӯяд, ки зерҳимояаш аз вай маълумотҳои зиёдеро дар бораи худаш пинҳон доштааст: «Мо аз шикояти худ ҳеҷ гоҳ даст намебардорем ва ҳукми додгоҳро дар нисбати бародари худ ноодилона меҳисобем.»

Ғайрат Ашӯров афзуд:«Ман ҳеҷ бовар надорам, ки бародари ман аз вакили дифои худ далел ё амалкарди худро пинҳон дошта бошад. Чаро дигар ҳимоятгарони вай чунин ҳарфҳоро назаданду маҳз Файзи Олӣ изҳорот додаст, ки хешовандони Димон аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд?»

Файзи Олӣ бо такя ба ҳарфҳои бархе аз наздикони Димон Ашӯров ва кормандони собиқи ниҳодҳои қудратии кишвар гуфт, ки ҳукми Додгоҳи олӣ дар нисбати Димон Ашӯров одилона будааст. Ба таъкиди Файзи Олӣ, зерҳимояаш дар давраи тафтишоти пешакӣ бархе маълумотҳо дар бораи амалҳои худро аз вай махфӣ нигоҳ дошта ва ӯ ба ҳарфҳои Димон бовар кардааст: «Ҳангоми мулоқотҳо дар боздоштгоҳ, Димон аз ман бархе амалҳои худро пинҳон медошт ва ман бехабар аз маълумотҳое, ки баъдтар хешовандонаш гуфтанд, аз вай дифоъ кардам. Димон воқеан яке аз афроди фаъоли гуруҳҳои мусаллаҳ дар ҳодисаҳои моҳи июли нооромиҳои Бадахшон будааст. Вай аз куҷо маблағи зиёд дошт, ки ба Чин раваду дар онҷо табобат кунад?»

Аммо бародари Димон Ашӯров мегӯянд, ки хешу наздиконашон ин маблағро ҷамъ карданд, то ӯ барои муолиҷа бар Чин биравад.

Файзи Олӣ қаблан дар бораи парвандаи зидди муваккилаш назари дигар ва хеле интиқодомез дошт. Дар посух ба суоли Радиои Озодӣ ки чунин тағйири нигоҳаш оё натиҷаи кадом фишоре болои ӯст ё чӣ?, Файзи Олӣ гуфт, ки на, ӯ худаш ба чунин хулоса расидааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 10-уми майи соли равон Шерик Карамхудоев раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар Хоруғро ба 14 соли зиндон ва Димон Ашӯров сокини дигари Бадахшонро ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Мурофиаи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров дувумин додгоҳи марбут ба нооромиҳои моҳи июли соли гузашта дар маркази вилояти Бадахшон аст. Дар ҷараёни амалиёте, ки 24 июли соли 2012 бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли раиси идораи амнияти Бадахшон генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт, қариб 70 нафар кушта шуданд. Мақомот дар пайи ин амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар бораи боздошти 40 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон хабар доданд, вале то кунун танҳо 4 нафар бо ҷурми даст доштан дар он ҳодисаҳо маҳкум шудаанд.
XS
SM
MD
LG