Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Чин лулаи интиқоли нафту газ месозад


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия бо Жанг Гаолӣ-муовини нахуствазири Чин мулоқот кард ва гуфт, ки бузургтарин ширкати нафтии Русия барои таъмини Чин бо нафт дар ҳоли таҳияи як қарордоди 60 миллиард доларӣ аст.

Путин гуфт, бар асоси ин қарордоди бесобиқа ширкати Роснефт Чинро бо садҳо миллион тон нафти хом таъмин хоҳад кард.

Русия ба нақша гирифтааст, ки барои содироти нафт ва гази худ ба Чин як силсила лулаҳои газу нафт созад, вале ҳар гоҳ музокироти ҷонибҳо дар ин бора ба дарозо мекашид. Сабаби он таъйини нархи нафту газ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG