Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Facebook дар Instagram доду гирифти наворҳоро роҳандозӣ мекунад


Шабакаи иҷтимоии Facebook эълон кард, ки хадамоти фиристодани наворҳои видеоӣ аз смартфонҳоро дар бахши доду гирифти аксҳо дар Instagramилова хоҳад кард.

Ин кор ба рағми шабакаи Twitter анҷом мегирад, ки хадамоти доду гирифти навори видеоиро дар бахши Vine дорад. Марк Зукерберг-раиси иҷроии Facebook ва Кевин Систром-яке аз ду муассиси Instagram барномаи нави худро барои iPhone-ҳо ва телефонҳои дорои нармафзорҳои Android-и Google эълон карданд.

Ин барнома имкон медиҳад, ки наворҳои видеоӣ дар зарфи 15 сония фиристода ва ё гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG