Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев Каримовро ба ҳали оштиҷӯёнаи мушкили об даъват кард


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон дар бораи дастрасӣ ба манобеи обии Осиёи Миёна номаи оштиҷӯёна фиристодааст. Дар ин бора расонаҳои хабарии Узбакистон иттилоъ додаанд.

Оқои Назарбоев дар номаи худ навиштааст: “Ояндаи мо ба он иртибот дорад, ки чӣ қадр кишварҳои Осиёи Миёна ба якдигар боварӣ доранд ва бидуни ҷалби кишварҳои дигар бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд”. Вай афзудааст, мушкили ҳалнашаванда вуҷуд надорад.

Оқои Назарбоев дар бораи нақшаҳои сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои болоби Тоҷикистону Қирғизистон, ки Каримов мухолифи он аст, изҳор доштааст, ки ихтилофоти мавҷудаи назар қобили ҳал аст ва он танҳо “аз роҳи таҳкими ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо ва бидуни муноқиша” имконпазир хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG