Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдгориҳои Сурия ба феҳристи ЮНЕСКО шомил шуданд


Воҳаи Палмира

Воҳаи Палмира

ЮНЕСКО, Бунёди маорифу илм ва фарҳанги СММ, шаш ёдгории таърихии Сурияро ба феҳристи ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонӣ шомил кард, ки ба онҳо бар асари ҷанги шаҳрвандӣ хатари нобудӣ таҳдид мекунад.

Дар нишасти солонаи ЮНЕСКО дар шаҳри Пномпен, пойтахти Камбоҷа, эълон шуд, ки гап сари шаҳрҳои қадимаи Димишқ, Босра, Ҳалаб, воҳаи Палмира, маҷааи қалъаҳои Крак де Шевалье ва Қалъаи Салоҳиддин, ҳамчунин деҳоти бостоние дар шимоли Сурия меравад.

Намояндаи ЮНЕСКО Ронӣ Амелан изҳор намуд, ки барои ҳифзи ин ёдгориҳо ба таври алоҳида маблағ ҷамъоварӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG