Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ӯротеппа” - ғолиби нимаи аввали мусобиқоти лигаи аввал


Рӯзҳои 18-19-уми июн бозиҳои даври 10-уми мусобиқоти лигаи аввал оид ба футбол дар минтақаи Суғд баргузор шуданд.

Ба иттилоъи Аҳлиддин Юнусов, масъули Федератсияи футболи вилояти Суғд, дар даври 10-ум дар се бозӣ мизбонон ва дар яктоаш меҳмонон ғалаба карданд. “Ӯротеппа”, пешсафи ҷадвали мусобиқот, то ҳоло ягона дастаест, ки бохт надорад. Дар даври гузашта футболбозони шаҳри Истаравшан ба дарвозаи дастаи мизбон – “Мастчоҳ”-и ноҳияи Мастчоҳ чаҳор тӯби беҷавоб заданд. Новобаста аз натоиҷи бозиҳои даври 11-ум дастаи “Ӯротеппа” дар марҳалаи аввали мусобиқот ғолиб шуд.

Натоиҷи бозиҳои даври даҳум:

«Спитамен» (Спитамен) - “Қайроққум” (Қайроққум) – 8:0
“Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) - «Канд» (Конибодом) – 10:0
“Исфара” (Исфара) - «Шаҳристон» (Шаҳристон) – 3:0
“Мастчоҳ” (Мастчоҳ) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 0:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ӯротеппа” 8 7 1 0 455 22
2. «Эсхата” 8 6 0 2 296 18
3. «Исфара» 8 4 2 2 17– 12 14
4. «Зарафшон» 8 4 2 2 16 – 12 14
5. «Пахтакор» 8 4 1 3 19 – 11 13
6. «Мастчоҳ» 8 4 1 3 17 – 20 13
7. «Спитамен» 9 3 3 3 17 – 25 12
8. «Шаҳристон» 8 2 0 6 10 – 24 6
9. «Канд» 8 1 1 6 16 – 33 4
10. “Қайроққум» 8 0 1 7 6 – 41 1

Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳрулло Бобоев (Ӯротеппа) – 15 тӯб, Аъзам Ҳусейнов (“Ӯротеппа”) – 13 тӯб, Ҳусейн Ҷалолов (“Эсхата”) - 11 тӯб, Илҳом Баротов («Ӯротеппа»)- 10 тӯб.

Бозиҳои даври 11-ум

Оғози бозиҳо – соати 17:30

25-уми июн, сешанбе
“Пахтакор” - “Эсхата”
“Исфара” - “Қайроқум”

26-уми июн, чоршанбе
“Мастчоҳ” - “Канд”

27-уми июн, панҷшанбе
“Зарафшон” - “Ӯротеппа”
XS
SM
MD
LG