Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар Таиланд дар гуштии юнониву румӣ ва гуштии озод ду медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа беш аз 250 варзишгар аз 18 кишвари қора ширкат доштанд.

Дар сабқати гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ Хусрав Облобердиев дар вазни то 66 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Тоҳир Ромин аз Эрон пирӯзӣ ба даст овард.

Варзишгари дигари тоҷик Салим Хоҷаев дар гуштии озод дар вазни то 84 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ дар ҳар ду намуд ҷойҳои даҳумро касб кард.

Дар мусобиқаи гуштии юнониву румӣ мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ бо 2 медали тилло ва 2 нишони нуқра ҷойи аввал, мунтахаби Эрон бо 2 нишони тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ҷойи дувум ва мунтахаби Қазоқистон бо 1 медали тилло ва 3 биринҷӣ ҷойи севумро соҳиб шуданд.

Дар мусобиқаи гуштии озод мунтахаби Ҳиндустон бо 3 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ғолиб шуд. Гуштигирони Эрон бо 3 нишони тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва дастаи Қазоқистон бо 1 нишони тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG