Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул мегӯяд, ки барои идомаи гуфтушунидҳо дар Қатар фақат пойин кардани парчами “Аморати исломии Афғонистон” кофӣ нест.

Муҳаммад Исмоил Қосимёр, намояндаи ҳукумати Афғонистон дар музокироти сулҳ, изҳор намуд, ки “Толибон” набояд дафтари худро чун намояндагии ҷунбиш дар хориҷа муаррифӣ кунад.Ифтитоҳи дафтари Толибон дар шаҳри Доҳа бо парчами ин ҷунбиш ва навиштаҷоти “Дафтари Аморати исломии Афғонистон” дар ду рӯзи пеш ва тасмими ИМА барои музокирот бо толибон боиси эътирози Кобул шуд – мақомоти расмии Афғонистон гуфтанд, ки раисиҷумҳур Ҳомид Карзай аз идомаи гуфтушунид бо Вошингтон барои таҳияи созиши дуҷониба оид ба чаҳорчӯби ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон даст бардоштааст. ИМА ин созишро барои идомаи ҳузураш дар Афғонистон баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар дар поёни соли 2014 басо муҳим мехонад.

Ба гуфтаи Аймал Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, "мо хилофи номи “Аморати исломии Афғонистон”-ем, зеро чунин аморат вуҷуд надорад ва ИМА бо ин мавқеи раисиҷумҳури Афғонистон ошно буд". Бар пояи хабарҳо, вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ аз Карзай хост, ки мавқеяш дар мавриди гуфтушунид бо Амрикоро бознигарӣ кунад. Ӯ ваъда дод, ки парчами Толибон аз болои бинои дафтари ин ҷунбиш дар Доҳа бардошта ва навиштаҷоти насбшуда бо навиштаҷоти “дафтари сиёсии Толибон” иваз карда мешавад.

Зимнан, ба гуфтаи таҳлилгарон, Ҳомид Карзай аз он ҳам сахт нороҳат буд, ки Амрико барои тағйири мавқеи "Толибон" дар мавриди музокирот бо ҳукумати Кобул пойфишорӣ накардааст. Толибон то ҳол аз музокироти мустақим бо ҳукумати Карзай сарпечӣ мекунанд, зеро онро "дастнишондаи Амрико" мехонанд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки Вошингтон бояд барои шурӯи гуфтушунид бо “Толибон” се шартро пеш мегузошт – қатъи хушунат, эътирофи Қонуни асосии Афғонистон ва омодагӣ барои музокирот бо ҳукумати Кобул.

Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, сиёсатшиноси афғони муқими Кобул, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ифтитоҳи дафтари Толибон дар Қатар мавқеи ин ҷунбишро қавитар хоҳад кард ва аммо ҳоло мавзӯи муҳим он аст, ки оё Толибон барои музокирот бо ҳукумати Кобул розӣ хоҳанд шуд ва
Дафтари сиёсии "Толибон" дар Қатар

Дафтари сиёсии "Толибон" дар Қатар

гуфтушунид бо Толибон то куҷо хоҳад кашиду чӣ натиҷа хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, “Толибон гуфтанд, ҳам ба музокира идома медиҳем ва ҳам ҳукумати Кобулро зери фишори низомӣ мегирем ва ин суолеро халқ мекунад, ки пас ҳама талоши суратгирифта барои сулҳ набуд?” Мусоҳиби мо меафзояд, набояд умедвор шуд, ки музокироти миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон зуд муваффақ мешавад. “Аз сӯи дигар, толибон, ки ҳоло мустақиман бо Амрико дар иртибот ҳастанд, шояд ба имтиёзҳои сабук розӣ нашаванд ва талоши тақсими қудрат дар Афғонистонро кунанд”, ҳадс мезанад сиёсатшиноси афғон.




Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд мегӯядд, ки мавзӯи музокирот бо “Толибон” барои Карзай ҳам ҳассос ва ҳам муҳим аст, зеро мехоҳад дар камтар аз як соле, ки барои мӯҳлати раёсатҷумҳурияш боқӣ мондааст, аз худ хотираи неке бигузорад. Аз нигоҳи сиёсатшинос, "агар Карзай ба имзои созиши сулҳ бо "Толибон" муваффақ мешуд, номаш ҳатман дар таърихи Афғонистон чун шахсияти миллӣ ва қаҳрамони миллат сабт мегардид. Аммо чун толибон тавонистанд аз дигар роҳ ба музокироти сулҳ шурӯъ кунанд, мавқеи Карзай танг шуд ва ӯ зери фишори шадид қарор хоҳад гирифт". Ба гуфтаи мусоҳиби мо, “Карзай бояд интихоботро тавре баргузор кунад, ки ҳукумати нав ҳам раванди музокиротро идома диҳад ва толибонро мӯътақоид созад, ки ватанашон Афғонистон аст, на Покистон ва на Қатар”.

Дар ҳамин ҳол хабар расид, ки Толибони Афғонистон барои иваз кардани сарбози асируфтодаи амрикоӣ бо панҷ фармондеҳашон, ки дар зиндони Гуантанамо ба сар мебаранд, изҳори омодагӣ карданд. Шоҳин Суҳайл, намояндаи Толибон дар дафтари ин ҷунбиш дар Қатар, ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, вазъи сиҳати сарбози амрикоӣ, ки чаҳор сол пеш асир уфтода буд, хуб аст. Суҳайл афзуд, ки табодули асирон – аввалин шарти Толибон қабл аз шурӯи гуфтушунидҳо дар Қатар аст.

Қарор буд, ки музокирот миёни мансабдорони амрикоӣ ва Толибон имрӯз шурӯъ шавад ва аммо баъд аз эътирози раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мавқуф гузошта шуд. Сарвари Афғонистон гуфтааст, ки агар музокирот бидуни ширкати мустақими ҳукумати Кобул гузарад, намояндагони худро ба Қатар нахоҳад фиристод. Ҷеймс Доббинс, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистону Покистон, сафараш ба Қатарро мавқуф гузошт.
XS
SM
MD
LG