Пайвандҳои дастрасӣ

Суҳайл: Толибон барои иваз кардани асирон омодаанд


Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар

Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар

Толибони Афғонистон мегӯянд, онҳо барои иваз кардани сарбози асируфтодаи амрикоӣ бо панҷ фармондеҳи Толибон, ки дар зиндони Гуантанамо ба сар мебаранд, омодаанд. Шоҳин Суҳайл, намояндаи Толибон дар дафтари ин ҷунбиш дар Қатар ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, вазъи сиҳати сарбози амрикоӣ, кичаҳор сол пеш асир уфтода буд, хуб аст. Суҳайл афзуд, ки табодули асирон – аввалин шарти Толибон қабл аз шурӯи гуфтушунидҳо дар Қатар аст.

Қарор буд, ки музокирот миёни мансабдорони амрикоӣ ва Толибон имрӯз шурӯъ шавад ва аммо баъд аз эътирози раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мавқуф гузошта шуд. Сарвари Афғонистон гуфт, ки агар музокирот бидуни ширкати мустақими ҳукумати Кобул гузарад, намояндагони худро ба Қатар нахоҳад фиристод. Ҷеймс Доббинс, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистону Покистон, сафари худро ба Қатар мавқуф гузошт.

Аз ин пеш Муҳаммад Исмоил Қосимёр, намояндаи ҳукумати Афғонистон дар музокироти сулҳ, изҳор намуд, ки “Толибон” набояд дафтари худро чун намояндагии ҷунбиш дар хориҷа муаррифӣ кунанд.

Ифтитоҳи дафтари Толибон дар шаҳри Доҳа бо парчами ин ҷунбиш ва навиштаҷоти “Дафтари Аморати исломии Афғонистон” ва ҳамчунин тасмими Амрико барои музокирот бо Толибон боиси эътирози Кобул шуд – мақомоти расмии Афғонистон гуфтанд, ки раисиҷумҳур Ҳомид Карзай аз идомаи гуфтушунид бо Вошингтон барои таҳияи созиши дуҷониба оид ба чаҳорчӯби ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон даст бардоштааст. Ба гуфтаи Аймал Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, ахиран вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ аз Карзай хост, ки мавқеяш дар мавриди гуфтушунид бо Амрикоро бознигарӣ кунад. Ӯ ваъда дод, ки парчами Толибон аз болои бинои дафтари ин ҷунбиш дар Доҳа бардошта ва навиштаҷоти насбшуда бо навиштаҷоти “дафтари сиёсии Толибон” иваз карда мешавад.
XS
SM
MD
LG