Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав маоши 14 тоҷикро аз корфармо рӯёндаанд


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, барои ба муҳоҷирони тоҷик баргардондани 650 000 рубл, муодили 22 000 доллар, музди корашон мусоидат кардааст. Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷират ба Озодӣ гуфт, 14 шаҳрванди тоҷик ба ин ниҳод шикоят кардаанд, ки дар Маскав дар ширкати «СМ-Строй» ба ҳайси танзимгар, васлгар, барқчӣ ва челонгар кор карда, аммо таи ду моҳи ахир аз тарафи кордеҳ моҳонаи худро нагирифтаанд.
Пас аз баррасии ин моҷаро дар мулоқоти ҳайъати намояндагӣ бо раҳбари «СМқСтрой» Владимир Смагин, ширкати сохтмонӣ рӯзи чоршанбе маоши ин 14 тоҷикро пурра пардохт кардааст.
XS
SM
MD
LG